Сафари кории Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Суғд

Ноябрь 9, 2011 09:21

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Суғд cафари корӣ намуда, бо фаъолияти сохторҳои марбутаи вазорат, аз ҷумла ҷузъу томи ҳарбӣ ва ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии ҳарбии шаҳрвандон дар вилоят аз наздик шинос гардид. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазири мудофиаи ҷумҳурӣ бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, бо иштироки роҳбарони мақомоти вилоятии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ва ташкилоту идораҳои дахлдори вилоят ҷаласаи корӣ доир намуд.Шералӣ Хайруллоев натиҷаи омӯзиши гурӯҳи кории Вазорати мудофиаро дар ҷузъу томи ҳудуди гарнизони ҳарбии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкории хуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷузъу томи ҳарбиро дар  самти дастгирии моддӣ ва маънавӣ таъкид намуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вазири мудофиаи кишвар ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ ба роҳбарони мақомоти вилоятии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бобати вусъат бахшидани ҳамкорӣ, мустаҳкам намудани робита бо ҷомеа, роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ноябрь 9, 2011 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд