«Шукӯҳи шеъри Истиқлол»-и Камол Насрулло

Ноябрь 16, 2011 16:21

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфили эҷодии Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ Камол Насрулло таҳти унвони «Шукӯҳи шеъри Истиқлол» баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар маҳфили идона мудири шӯъбаи масоили иҷтимоb. фарҳангӣ ва робитаҳои ҷамъиятии дастгоҳи hаиси вилоят А. Шарипов табрикоти Қ. Расулзодаро ба саҳми ҳозирин расонид. Дар чорабинӣ инчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона, шоири ӯзбекзабон Мафтун Ҷӯра ва дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҳабибулло Тоатов сухан гуфтанд. Бояд гуфт, ки дар маҳфили адабӣ аҳли қаламу эҷод, адибон, намояндагони шаҳру навоҳии вилоят, дӯстдорони каломи бадеъ ва санъаткорони шинохта иштирок намуданд.

Ноябрь 16, 2011 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!