Соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Тоҷикистон сафар менамоянд
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон «Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё» дар шаҳри Истанбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия — аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд. Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот Ҳ. Зарифӣ дар бораи ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии ҶТ сухан ронда, ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳозиринро бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати сабук, кишоварзӣ ва бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот, алюминӣ, сангҳои мармару хоро, нафту газ, имконоти иштирок дар пружаҳои сохтмони манзил, иншоотҳои фароғатӣ меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра, сохтани корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ, лоиҳаи муҳими минтақавии CASA-1000 ва санадҳои қонунгузории ҶТ дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ шинос намуд.Соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, иштирок дар озмунҳои кушодаи байналмилалӣ, масъалаҳои андоз ва гумрук барои воридоти молҳои саноатӣ, тартиби иҷора ё фурӯши замин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Ҳ. Зарифӣ иброз доштанд, ки дар охири моҳи ноябри соли 2011 ҷиҳати шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






