Таҷлили Рӯзи Сарқонун дар «Тоҷикстандарт»

Ноябрь 4, 2011 17:29

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия («Сарқонун»)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Миралӣ Олимов аз номи роҳбарияти агентӣ кормандон ва аҳли толорро ба муносибати 17-умин солгарди қабули Рӯзи Сарқонун табрик гуфта, Конститутсияро ҳамчун шиносномаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ арзёбӣ кард.
Намояндагони Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи нақши Сарқонун дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату миллат маърӯза карда,  санади муҳими муайянсози низоми давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон будани  Конститутсияро бори дигар таъкид сохтанд.Дар фарҷом ба гурӯҳе аз кормандони фаъоли «Тоҷикстандарт» аз ҷониби роҳбарияти агентӣ ифтихорнома дода шуд. Аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия аз ҷониби агентӣ ба мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ кӯмаки  моддӣ расонида шуд.  

Ноябрь 4, 2011 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад