Таҷлили Рӯзи Сарқонун дар «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия («Сарқонун»)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Миралӣ Олимов аз номи роҳбарияти агентӣ кормандон ва аҳли толорро ба муносибати 17-умин солгарди қабули Рӯзи Сарқонун табрик гуфта, Конститутсияро ҳамчун шиносномаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ арзёбӣ кард.
Намояндагони Суди конститутсионии ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи нақши Сарқонун дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлату миллат маърӯза карда, санади муҳими муайянсози низоми давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон будани Конститутсияро бори дигар таъкид сохтанд.Дар фарҷом ба гурӯҳе аз кормандони фаъоли «Тоҷикстандарт» аз ҷониби роҳбарияти агентӣ ифтихорнома дода шуд. Аз маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия аз ҷониби агентӣ ба мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






