Таъминот бо ангишт дар Кӯлоб
Кӯлоб, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади бе мушкилот пушти сар намудани тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб омодагии хуб дида, дар корхонаю ташкилот ва шӯъбаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зиёди маводи сӯхт ва ангишту ҳезум захира кардаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат 8 тонна ангиштсанги хушсифатро ба онҳо ройгон тақсим намуд. Ҳокимияти маҳаллӣ ҳамасола ба беморони маркази вилоятии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб низ кӯмаки иҷтимоӣ мерасонад. Бо назардошти сард омадани зимистони имсола маркази мазкур бо 1,5 тонна ангиштсанг таъмин карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






