Тоҷикистон ба гурӯҳи мамлакатҳои «дорои сатҳи миёнаи рушди инсонӣ» дохил мешавад
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 22 ноябр бори аввал дар Душанбе Ҳафтаи рушди инсонӣ оғоз гардид.Дар чорчӯбаи Ҳафтаи рушди инсонӣ дар пойтахт вохӯриву мулоқот, муаррифиҳо, маърӯзаҳо, инчунин «мизи мудаввар» бо баррасии дастовардҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи Рушди инсонӣ ба нақша гирифта шудаанд.Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Барномаи рушди СММ муаррифии ҳарсолаи маърӯзаи Барномаи рушди СММ дар мавзӯи «Рушди инсонӣ дар соли 2011» барпо гардид, ки дар кори он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, сафоратҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ВАО иштирок намуданд.Муаррифӣ бо сухани Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Зуев ифтитоҳ шуд. Вай қайд намуд, ки маърӯза «Рушди устувор ва баробарии имкониятҳо: ояндаи беҳтар барои ҳама» унвон дошта, дар он ҳалли таъҷилии масъалаҳои ба рушди устувор алоқаманд ва таъмини баробарии имкониятҳо иникос ёфтаанд, ки онҳоро дар ҳамдастӣ ҳал намудан зарур аст. Дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ сатҳи рушди инсонӣ боло рафта, дар ин самт нисбат ба минтақаҳои дигари олами дар ҳолати рушдбуда баробарии нисбатан калон ба даст омадааст ва Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯйи Индекси Рушди инсонӣ (ИРИ) ба гурӯҳи мамлакатҳои «дорои сатҳи миёнаи рушди инсонӣ» дохил мешаванд. Имрӯз дар бинои Барномаи рушди СММ бо иштироки коршиносон, намояндагони ВАО ва мутахассисони соҳаи рушди инсонӣ мизи мудаввар барпо мегардад. Дар доираи ҳафта рӯзҳои 24 ва 25 ноябр барои донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, шунавандагони Пажӯҳишгоҳи бозомӯзии ходимони давлатӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар коршиносон маърӯзаҳо хонда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






