Тоҷикистону Қазоқистон ҷиҳати интиқоли маводи сӯзишворӣ ба мувофиқа расиданд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 23 то 27 ноябри соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Давлаталӣ Саидов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 9-уми Комиссия ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон Комиссияро вазири ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Қазоқистон Нургалӣ Ашим ҳамраисӣ намуд. Дар доираи ҷаласа зиёда аз 12 масъалаи муҳим, ки чиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба равона шудаанд, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкории тарафҳо дар соҳаи иқтисодиёт, сармоягузорӣ, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тарафҳо дар хусуси интиқоли маводи сӯзишворӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, кушодани корхонаҳои муштарак ва бастани созишномаҳо байни вазорату идораҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои дахлдор ба мувофиқа расидаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






