Ғолиби “Хонандаи сол” муайян шуд

Декабрь 7, 2011 11:55

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хуҷанд байни толибилмони мактабҳои миёнаи вилоят озмуни вилоятии «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонону наврасони лаёқатманду боистеъдод, эҷодкор, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби васеи масоили илмӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва муайян намудани беҳтарин хонандаи сол аз ҳисоби толибилмони мактабҳои миёнаи вилоят гузаронида мешавад.Дар озмун толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Чкалов, Табошар, Қайроққум, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Шаҳристон иштирок намуданд.Аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Гулбибӣ Азиззода, толибилм аз шаҳри Табошар ҷойи якум, Нигина Олимова, толибилм аз шаҳри Исфара ҷойи дуюм ва Нилуфар Раззоқзода, толибилм аз ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи сеюмро сазовр гардиданд.

Декабрь 7, 2011 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд