Ғолиби “Хонандаи сол” муайян шуд
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хуҷанд байни толибилмони мактабҳои миёнаи вилоят озмуни вилоятии «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонону наврасони лаёқатманду боистеъдод, эҷодкор, дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби васеи масоили илмӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва муайян намудани беҳтарин хонандаи сол аз ҳисоби толибилмони мактабҳои миёнаи вилоят гузаронида мешавад.Дар озмун толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Чкалов, Табошар, Қайроққум, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Шаҳристон иштирок намуданд.Аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Гулбибӣ Азиззода, толибилм аз шаҳри Табошар ҷойи якум, Нигина Олимова, толибилм аз шаҳри Исфара ҷойи дуюм ва Нилуфар Раззоқзода, толибилм аз ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи сеюмро сазовр гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






