ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд ки зодаи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале оғози анъанаҳои неку ибратбахш ва касбии худро аз даврони инқилоби шўравии аввали асри 20-ум гузоштааст. 9 сентябри соли 1991 Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, ба кишвари мо баҳри бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳ кушод.28 декабри соли 1991 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи таъсис додани Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳам дода шудани Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Аввалин маротиба расман ибораи «бехатарии давлатӣ» ба «амнияти миллӣ» иваз карда шуд.Дере нагузашта фазои озоду обод ва рўҳбахши истиқлолияти давлатии кишвари моро абрҳои сиёҳу ғуборолуд фаро гирифтанд. Бо даъвату дархости бевоситаи як зумра ҳизбу созмонҳои манфиатҷўю ба ном мардумӣ, вале дар асл зери пўшиши дин, бо мабалғгузорӣ ва таҳти идораи бегонагон дар ҷумҳурӣ гирдиҳамоиҳо оғоз ёфтанд. Дар ин рўзҳои пурташвиш кормандони мақомоти амният ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандўстию ватанпарастӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, нисбат ба тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон бетарафиро ихтиёр накарданд. Онҳо ҷон ба каф гирифта, дар роҳи ҳарчӣ тезтар ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар, ҳимоя ва барқарорсозии сохти конститусионӣ ҷонбозиҳо карданд. Соли 1992 теъдоди муайяни бадхоҳони берунию дохилӣ, ки озодию соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намехостанд, дасисаи навро тарҳрезӣ карда, халқи оддию меҳнаткаш ва ноогоҳро ба алангаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар натиҷаи зиддияти пурдаҳшати байни тоҷикон, ки то соли 1997 давом дошт, таърихи бою рангин ва қадимаи тоҷикон доғдор гардида, ҷанг талафоти калони ҷонию молиро ба миён овард. Беш аз сад ҳазор сокинони осоишта ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ба иқтисодиёти бе ин ҳам косташудаи Тоҷикистон зиёда 7 миллиард доллар зарар расид. Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1992 дар «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърих ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз сабт ёфтааст, баргузор шуд. Дар он фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии ҶТ интихоб гардид. Барои дар сатҳи зарурӣ фаъолият кардан, таъмини бехатарии ин чорабинии сиёсӣ бо иштироки мақомоти амният ва дигар сохторҳои қудратӣ дар шимоли кишвар силсилаи чорабиниҳои дахлдор андешида шуданд. Дар иҷлосияи мазкур Раиси Шўрои Олӣ Э. Раҳмон пешниҳод намуд, ки яке аз чекистони таҷрибадор ва касбӣ С. Зуҳуров ба вазифаи Раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин карда шавад. Роҳбарияти нави Кумита дар қатори масъалаҳои афзалиятнок, пеш аз ҳама, бояд мушкилоти кадриро ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл менамуд. Барои амалӣ сохтани ин тасмим аз захираҳои кадрӣ ҳайати Шўрои роҳбарии кумита, сардорони раёсатҳо, шўъбаҳо, дигар ҷузъу томҳои минтақавӣ таъсис ёфтанд. Ҷавонони лаёқатманд, ки зарфияти иҷроиши касби чекистӣ ва бо ибораи маъмул дилу гурдаи истодагариро барои ҳифзи сарнавишти миллат дар он лаҳзаҳои ҳассос доштанд, дар атрофи роҳбари ҷавону умедбахш С. Зуҳуров, чекистони таҷрибадор Куптсов А.С, Абдуллоев Б.Н., Камолов С.Қ., Мамадризобеков Д.М., марҳум Ҷобиров Ш.Б. ва дигарон ҷамъ омаданд. Вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти амният дар он давра, пеш аз ҳама, бо истифода аз тамоми имкониятҳо — ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ буд. Мустаҳкамшавии рўҳӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии мақомот дар марҳилае обутоб меёфт, ки кормандони амният аз як тараф, дар муҳорибаҳо бо нерўҳои мухолифин фаъолият доштанд, аз ҷониби дигар, ба дўши онҳо бинобар афзоиш ёфтани унсурҳои ҷиноятпеша дар ҷомеа, масъулияти таҳти назорат гирифтани вазъи дохилӣ низ вогузор гардида буд.Бо назардошти басо ноорому мураккаб будани авзои ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ, таҳдиди хатари берунӣ ва дохилӣ ба якпорчагии марзу буми давлат Сардори давлати Тоҷикистон Э. Раҳмон дар назди кормандони мақомоти амният вазифаҳои мушаххас гузошт. Ў талаб намуд, ки кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ ҳарчӣ зудтар вазъиятро дар тамоми қаламрави кишвар ба эътидол оварда, оромию осудагии шаҳрвандонро таъмин созанд ва ба муқобили гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ муборизаи беамонро ба роҳ монанд. Бо мақсади саривақт ошкор ва пешгирӣ намудани ниятҳои душманонаю ғаразноки хадамоти махсуси хориҷӣ, ки аз ҷумла тавассути маблағгузории гурўҳу шахсони алоҳида бо мақсади ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид кардани ҷосусону гумоштагон ифода меёфт, кормандони КАМ (сипас КДАМ) ҶТ фаъолиятро дар ин самт вусъат бахшиданд. Тибқи маълумоти фаврӣ муайян карда шуд, ки баъзе аз кишварҳои хориҷӣ нисбат ба Тоҷикистон сиёсати рўиростро душманона пеш гирифта, барои амалӣ сохтани чорабиниҳои зиёди ташвиқотию тарғиботӣ маблағҳои калонро ҷудо кардаанд. Яке аз ҳадафҳои асосию пинҳонии онҳо аз шиддат бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо, ба қисматҳо пора сохтани тамомияти арзии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бо ҳамин роҳ ҳамчун давлати алоҳида аз байн бурдани он, иборат буд. Дар тўли ин солҳо бо саъю кўшиш ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари барқарор намудани хоҷагии халқи зарардида, ба Ватан бозпас овардани фирориёни тоҷик, инчунин ба масъалаҳои таъмини амнияти шаҳрвандон, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар аҳамияти махсус дода мешуд. 27 июни соли 1997 дар ш. Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дар тамоми марҳилаҳои гуфтушуниди байни тарафҳо кормандони мақомоти амният — генерал-майор Б. Абдуллоев, полковник Т. Юнусов иштироки фаъолона доштанд. Бояд гуфт, ки ҳайати шахсии мақомоти амнияти миллӣ дар тарҳрезӣ ва амалисозии силсилаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Р. Содиров, Б. Содиров, Р. Сангинов («Гитлер»), М. Муаккалов ва дигарон, барқарор ва ҳимояи сохти коститутсионӣ, мубориза ба муқобили ҷиноятҳое, ки ба салоҳияти мақомот вогузор шудаанд, фаъолона иштирок намуда, аз худ корнамоӣ ва ҷасорати беандоза нишон доданд. Боиси таассуф аст, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум, дар роҳи барқарор намудани сохти конститусионӣ, мубориза бо дастаҳои мухталифи ҷинояткор зиёда аз 120 нафар кормандони мақомоти амният ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Бо Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 1994 КДАМ ҶТ ба Вазорати амнияти ҶТ ва 30 ноябри соли 2006 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ВА ҶТ дубора ба КДАМ ҶТ табдил дода шуд. Дар ҷараёни ин солҳо дар самти назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ҳудуди 3 ҳазор далели аз тарафи онҳо вайрон карда шудани тартиби муайянгардида ошкор, тақрибан 2 ҳазор нафар аз қаламрави ҶТ берун карда шуданд. Ҳангоми амалӣ сохтани чорабиниҳои фраврӣ-ҷустуҷўӣ қариб 350 нафар кормандони хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ошкор гардиданд. Нисбат ба зиёда аз 20 нафар шаҳрванд бо ҷурми ҷосусӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Теъдоди муайяни шаҳрвандони ҶТ барои ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ бо гуноҳи хиёнат ба Ватан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз 02 декабри соли 1994 ба имзо расидааст, дар давраи солҳои 1993-2011 аз ҷониби кормандони мақомоти амният 2 танк, 2 БМП, 2 БТР, 1 БРДМ, 4 тўпи 88 мм., 740 гранатомет, 979 тири гранатомет, 99 гранатомети дастии зиддитанкӣ, 156 пулемет, 3357 автомат, 14 милтиқи снайперӣ, 823 яроқи милсуфта, 177 карабин, 654 туфангча, 172 ТМ, 5 миномет, 7 огнемет, 6037 норинҷак, 7,604 килограм маводи тарканда, 342 детонатор, 389 дастгоҳи тарканда, 792 мина, 53 минаи зиддипиёдагард, 57 минаи зиддитанкӣ, 7449 снаряд, беш аз 1, 700 ҳазор адад тирҳои қутрашон гуногун ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Дар ин давра аз қочоқчиён беш аз 20 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид. Аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ гурўҳи калони аъзои созмонҳои террористӣ — экстремистии «Ал Қойида», «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон», «Ҳизби Таҳрир», ҷамъиятҳои «Таблиғ», «Салафия» ва ғайраҳо ошкор ва боздошт шуда, бо ҳукми мақомоти судии мамлакат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Як қатор ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 2010-2011 дар ҷумҳурӣ рухдода бори дигар собит намуданд, терроризми байналмилалӣ ба пешрафти инсоният хатари ҷиддӣ дорад. Маҳз дар натиҷаи андешида шудани чораҳои мушаххас кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар гурўҳҳои террористии А. Давлатов (Алии Бедакӣ) ва А. Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро, ки дар ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла амали террористӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа рўзи 19 сентябри соли 2010 даст доштанд, пурра маҳв карданд. Аз дастаҳои ҷинояткор миқдори зиёди силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда мусодира карда шуд. Аввали соли равон дар ҳудуди шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар дохили 3 автомошинаи сабукрав зиёда аз 150 килограм маводи тарканда, ки бо мақсади содир намудани актҳои террористӣ пинҳон карда шуда буданд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамон аз тарафи Президенти ҶТ муайян ва тарҳрезӣ гардидааст, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бояд зина ба зина татбиқ менамоем.«Имрўз дар шароите, ки истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуда азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, пешбурди кишоварзӣ, рушди саноати миллӣ ва тараққӣ додани истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне сатҳу сифати шоиставу арзандаи зиндагии аҳолиро марҳала ба марҳала амалӣ намоем» — гуфта шудааст дар баромади Сардори давлати Тоҷикистон Э. Раҳмон.Кормандони КДАМ ҶТ дар таъмини амнияти дастовардҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҳамаи ҳадафҳои умумимиллӣ саҳми бевоситаи хешро хоҳанд гузошт. Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон