Ҳаракати номунтазами нақлиёт ва беэътибории иҷозатнома

Декабрь 2, 2011 09:16

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Ҳафтаи равон ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа баробари даҳҳо масъалаҳои муҳокимашаванда, масъалаи хоҷагидории шаҳр дар самти хизматрасонии аҳолии пойтахт ва фаъолияти сохторҳои марбутаи хизматрасон, аз ҷумла вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва ҳолати роҳҳои шаҳраку маҳаллаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба гуфти котиби матбуотии шаҳрдорӣ Шавкат Саидов, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси санҷишҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти қисме аз 85 хатсайри амалкунандаи пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, таъкид намудааст, ки назорати ҳамарӯзаи сохторҳои хизматрасон дар тамоми хатсайрҳо ба таври қатъӣ зери назорат гирифта шавад. Раиси шаҳр таъкид сохтааст, ки дар ҳолати риоя нагардидни ҳаракати мӯътадили нақлиёт, ки боиси нигаронии мусофирон мегардад, хатсайрҳои мазкур бо беэътибор донистани иҷозатномаи ҷамъиятҳо оид ба фаъолияти мусофиркашонӣ ба дигар ҷамъиятҳои дорои иҷозатнома, вобаста карда шаванд. Ба ибораи дигар, иҷозатномаҳои хатсайрҳои ронандагони худсар ва ҷамъиятҳои мусофиркашонии он хатсайрҳо барҳам дода мешаванд.

Декабрь 2, 2011 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд