Ҷаласаи дуюми зеркомиссияи Тоҷикистону Чин
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи дуюми зеркомиссияи «Тоҷикистон — НМСУ ҶМЧ» дар назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷаласаи комиссия таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев ва муовини раиси ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ши Даган гузаронида шуд. Дар ҷаласа намояндагони ҳарду ҷониб масъалаҳои ҳамкориҳои ҷорӣ ва минбаъдаро муҳокима намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Ҳарду ҷониб бартарии ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи бонкӣ ва суғурта зикр намуданд. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷаласаи зеркомиссия дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва дӯстии анъанавии байни ду кишвар барпо гашта, дар он санади ҳамкорӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






