Ҷавонони СҲШ ба ҳам муттаҳид мешаванд
Чунсин, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Тибқи барномаи тасдиқшудаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи коммунистии ҷавонони Чин 2 декабри соли равон вохўрии намояндагони ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай бо муовини котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ҳамзамон котиби дуюми ташкилоти ҳизбии шаҳри Чунсин хонум Жанн Сян доир гардид. Номбурда роҷеъ ба таърих, фарҳанг, дастовардҳои 14 соли охири шаҳр ва стратегияи минбаъдаи рушди он маълумот дод.Хонум Жанн Сян роҳбари ҳайти ҷавонони Тоҷикистонро ба минбари ифтихорӣ даъват намуда, роҳбарии ҷаласаро бар дӯши он вогузор намуд. Роҳбари намояндагони ҷавони Тоҷикистон аз номи давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои пазироӣ сатҳи баланд ба ҷониби Чин минатдорӣ баён намуд. Вай омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар самти сиёсати ҷавонон бо кишварҳои узви СҲШ баён дошта, онро муфид арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






