Ҷумҳурии Қазоқистон ба таҷлили истиқлолият омодагӣ мегирад

Декабрь 2, 2011 10:57

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 16 декабр Ҷумҳурии Қазоқистон 20 – умин солгарди истиқлолияташро таҷлил мекунад. Дар арафаи ин ҷашни фархунда 30 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ Оғибой Смагулов бо намояндагони ВАО Тоҷикистон баргузор гардид.Сафир зимни суханрониаш аз рушди Қазоқистон тайи 20 — соли соҳибихтиёриаш нақл карда, гуфт, ки Қазоқистон давлати ҷавон буда, дорои ҷомеаи шукуфон ва иқтисодиёти мутараққӣ мебошад. Пойдории сулҳу суботи ин кишвар ҳамеша мақсади асосии давлат маҳсуб мешуд. Оғибой Смагулов хабар дод, ки дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба таҷлили ӯзи истиқлолият аз 26 ноябр то 15 декабр 20 рӯзи ҷашнӣ таҳти унвони «20 қуллаи истиқлолият» таҷлил мешавад.

Декабрь 2, 2011 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад