2012-2015- солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Солҳои 2012 -2015 дар пойтахт «Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдаравҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо» эълон гардид. Ин тадбир зимни баргузории иҷлосияи шаҳрӣ бо мақсади ободонии шаҳр ва татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ андешида шудааст. Дар робита ба ин қисми иҷрои барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷаи шаҳрӣ ва буҷаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои таъмиру таҷдиди роҳҳо сафарбар карда мешавад. Дар ин самт ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ташкилотҳои соҳибтаҷрибаи пудратӣ тавассути озмуни кушод ҷалб мегарданд. Дар робита ба татбиқи ин чорабинии муҳими эҳёи инфрасохтории ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сокинон ва роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, Шӯрои хонаҳо ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятию соҳибкорон ва роҳбарони субъекти хоҷагидории пойтахт даъват кард, ки дар ин чорабинӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ варзанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






