Ба хонаҳои баландошёна барқи иловагӣ дода шуд

Декабрь 2, 2011 09:17

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба маълумоти идораи фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб лимити барқ барои сокинони шаҳр тағйир дода, ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб қариб 50 фоиз зиёд карда шуд. Ин тадбир боис шуд, ки лимити барқ аз 690 ҳазор киловатт соат ба 900 ҳазор киловатт соат расонида шавад.Тибқи қарори раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар бораи тайёрӣ ба тирамоҳ ва зимистони солҳои 2011 – 2012 қарор дода шудааст, ки манзилҳои баландошёна бо барқ бештар таъмин карда шаванд.
 
Айни замон як қисми шаҳрак ва маҳаллаҳои шаҳр бо сабаби садама дар лӯлаи гази Балҷувон — Кӯлоб дар таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ ба мушкилот дучоранд, аз ин рӯ зиёд намудани лимит амри воқеист,- афзуд манбаъ.

Декабрь 2, 2011 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд