Ба Соли нав бо тўҳфаҳои Beeline!
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар арафаи иди Соли нав Beeline супериқдоми «Дучандшавии аҷоиб»-ро пешкаш мекунад, ки он аз 8 декабр то 14 феврали соли 2012 баргузор мешавад.Дар шарҳи иқдоми мазкур роҳбари хадамоти маркетинг ва рекламаи Beeline Марина Овсянникова чунин гуфт: «Бо шарофати иқдоми «Дучандшавии аҷоиб» муштариёни нақшаҳои тарофавии «Сифр», «Зўр» ва «Помир» метавонанд бо ҳамон нарх боз ҳам зиёдтар муошират намоянд ва бонусҳоеро бигиранд, ки онҳоро ба ҳар гуна хизматрасониҳо сарф намудан мумкин аст, хоҳ SMS бошаду хоҳ MMS-хабарҳо ва ё Интернети мобилӣ». Ҳангоми пур кардани тавозун ба маблағи 2$ ва зиёдтар аз он муштариёни нақшаи тарофавии «Сифр» ба таври автоматӣ соҳиби 300 дақиқаи бепул дар дохили шабака ҳамчун тўҳфа мегарданд. Бонусро дар шакли 200 дақиқа, 200 SMS, 200 MMS дар дохили тарофа ва 200 Мб Интернети шабона муштариёни нақшаи тарофавии «Зўр» бо шарти пур кардани тавозун ба маблағи зиёдтар аз 1$ гирифта метавонанд.Аммо ба муштариёни нақшаи тарофавии «Помир» ҳангоми пур кардани тавозун ба маблағи зиёдтар аз 1$ бонус дар шакли 100 дақиқаи бепул дар дохили шабака ҳамчун тўҳфа дода мешавад. Маблағи пур кардани тавозун пардохти абонентӣ набуда, метавонад барои хизматрасониҳои дигари алоқа сарф карда шавад. Бонус дар давоми 7 рўз аз лаҳзаи пур кардани тавозун амал мекунад. Дар давоми як ҳафта бонус метавонад як маротиба пешкаш гардад.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






