Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳои бонуфузи Олмон

Декабрь 14, 2011 08:48

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — 13 декабр барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо шиносоии наздики ў бо фаъолияти ширкати ҷаҳоншумули Сименс оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкат дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад. Бо таваҷҷуҳи зиёд ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти соҳаи энергетика, аз ҷумла доир ба истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, ченкунӣ ва назорати истифодаи нерўи барқ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Чунонки аён гардид, роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд. Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати Бош ташриф оварда, бо фаъолияти он низ шиносоии наздик пайдо намуд. Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои шуҳрати ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техника барои корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва барқӣ барои соҳаҳои мошинсозӣ, алоқа ва ғайра мебошад. Ин ширкат яке аз пештозони ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти барқию электронӣ барои рўзгор, аз ҷумла яхдон, дарзмол, мошинҳои либосшўӣ, чангкаш ва ғайра мебошад. Роҳбарияти ин ширкат ҳам доир ба рушди ҳамкорӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 14, 2011 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд