Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳои бонуфузи Олмон
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — 13 декабр барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо шиносоии наздики ў бо фаъолияти ширкати ҷаҳоншумули Сименс оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкат дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад. Бо таваҷҷуҳи зиёд ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти соҳаи энергетика, аз ҷумла доир ба истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, ченкунӣ ва назорати истифодаи нерўи барқ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Чунонки аён гардид, роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд. Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати Бош ташриф оварда, бо фаъолияти он низ шиносоии наздик пайдо намуд. Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои шуҳрати ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техника барои корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва барқӣ барои соҳаҳои мошинсозӣ, алоқа ва ғайра мебошад. Ин ширкат яке аз пештозони ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти барқию электронӣ барои рўзгор, аз ҷумла яхдон, дарзмол, мошинҳои либосшўӣ, чангкаш ва ғайра мебошад. Роҳбарияти ин ширкат ҳам доир ба рушди ҳамкорӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






