Дастовардҳои кишоварзон

Декабрь 21, 2011 15:24

Ваҳдат, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). – Тайи солҳои охир соҳаи кишоварзии шаҳри Ваҳдат рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Тавре сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, соли равон хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 7066 гектар замин ғалла коштанд, ки 6778 гектари онро гандум ташкил дод. Дар маҷмӯъ 194394 тонна ҳосил гирифта шуд. Аз 448 гектар замини картошка 11505 тонна ҳосил ба даст омад. Баъди ҷамъоварии ғалла дар майдони 1481 гектар кишти такрории сабзавот гузаронида, 30 870 тонна пиёз, помидор, офтобпараст ва лаблабу ба даст омад.Ба гуфти Давлат Холиқов, деҳқонон дар майдони 2015 гектар пахта кишт карда, 4345 тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ намуданд.

Декабрь 21, 2011 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик