Дурнамои рушди артиши муосири Тоҷикистон
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мизи мудаввар масоили дурнамои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар шароити имрӯзаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Мизи мудаввар бо ибтикори Ассосиатсияи «Ампаро» — и ҳуқуқшиносони ҷавон 17 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мувофиқи хабари Ассосиатсияи мазкур, ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи ҳифзу тақвияти ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ бо дастгирии молиявии Бунёди миллӣ баҳри пуштибонии демократия рӯи кор оварда мешавад.Дар мизи мудаввар муҳокимаи ҷараёни даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ низ дар назар аст.Ташаббускорони ин чорабинӣ умедворанд, ки иштирокдорони мизи мудаввар фикри худро перомуни масоили зикршуда баён намуда ва бо ин васила ба рушди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мадад мерасонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






