Это’О унвонҷӯи беҳтарин футболбози Африқо
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи мунтахаби Камерун ва «Анҷи»- Мағоҷқалъа Самуэл Это’О ба қатори панҷ футболбози беҳтарини қитъаи Африқо барои ба даст овардани унвони беҳтарин бозингари Африқо шомил шуд. Это’О аллакай чор маротиба соҳиби ин унвон гардидааст. Соли ҷорӣ барои ин унвон инчунин Андре Айю («Марсел», Гана), Сейду Кейта («Барселона», Мали), Мусса Со («Лилл», Сенегал), Яя Туре («Манчестер Сити», Кот-д’Ивуар) мубориза мебаранд. Рӯзи 22 декабр номи беҳтарин бозингарро дар шаҳри Аккра, пойтахти Гана эълон хоханд кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






