Гар дасти фитодае бигирӣ…
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи истиқболи сазовори Соли нави мелодии 2012 аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба мактаб-парваришгоҳи рақами 2-и пойтахт маҳсулоти ғизоӣ кӯмак карда шуд. Ин тадбир бо мақсади мусоидат ва дастгирии модиву маънавии тарбиятгирандагони мактаби мазкур андешида шудааст. Дар мактаб-парваришгоҳ беш аз 100 нафар наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби раёсат ба як гурӯҳ пиронсолони ниёзманди маҳаллаи Машъали ноҳияи Фирдавсӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






