Гул Шералӣ дар Украина чӣ гуфт ?

Декабрь 6, 2011 15:57

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Украина шаҳри Киев ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина доир ба ҳамкории иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҷаласа вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ, ҳамраиси қисмати тоҷикистонии комиссия сухан гуфт. Гул Шералӣ аз густариши ҳамкориҳо ва равобити дӯстонаи Украинаю Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисод, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ намуда, ибрози назар кард, ки ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Раёсати ҷаласаро аз тарафи Тоҷикистон вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва аз тарафи Украина вазири рушди иқтисод, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина Анатолий Близнюк ба ӯҳда доранд. Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ дар ҷараёни сафари худ бо Сарвазири Ҷумҳурии Украина Николай Азаров ва вазири энергетика ва саноати ангишти Ҷумҳурии Украина Юрий Бойка ва сармоягузорону тоҷирон мулоқот хоҳад кард.

Декабрь 6, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!