Хадамоти гумруки Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои худро вусъат медиҳанд
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Вохӯрӣ таҳти раёсати ҷонишини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов гузашт. Ҳайати Чинро ҷонишини сардори Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Кайнам Ималайтися роҳбарӣ мекард. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши доираи назорати гумрукӣ, сари вақт ҳал намудани мушкилоти мавҷуда дар кори бақайдгирии гумрукӣ, реҷаи кории гузаргоҳҳо, инчунин дар бораи ҳамкорӣ дар ташкили мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва мубодилаи иттилоотии фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти хадамотҳои гумруки якдигар маълумот дода, масъалаҳои рушди минбаъда, зарурати тақвияти қавигардонидани ҳамкориҳои ҷонибҳоро баррасӣ карданд. Тавре ки аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷониби Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои нави фаъолияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳбуди равандҳои расмиёту назорати гумрукӣ, рушди инфрасохторӣ ва татбиқи технологияи иттилоотӣ маълумот доданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати гумруки Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






