Хадамоти муҳоҷират почтаи электронии худро кушод

Декабрь 7, 2011 16:42

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз ҳолати кунунии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ва гуфтугӯ бо онҳо почтаи электронии худро таҳти унвони muhojirat_tj @mail.ru кушод. Аз маркази матбуотии ин хадамот ба хабаргузории «Ховар » иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили почтаи электронӣ тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва инчунин ВАО мебошад. «Ба роҳ мондани почтаи электронӣ қадами аввалин нест дар роҳи беҳбудии вазъият ва гуфтугӯ бо муҳоҷирон ва аз наздик шинос шудан бо ҳолати будубоши муҳоҷирон, навиштани мактубҳо, инчунин огоҳӣ пайдо кардан аз фаъолияти муҳоҷират ва номояндагиҳои он дар хориҷи кишвар»,- афзуд манбаъ. Гузашта аз ин, намояндагони ин хадамот бо таъсиси почтаи электронӣ умедвори ҳамкориҳои бештар бо тамоми созмонхои чамъиятӣ ва ҷамъиятҳои муҳоҷирон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Декабрь 7, 2011 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд