Иҷлосияи ҷавонон
Маскав, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Бо ибтикори Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои оид ба корҳои ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳод дар шаҳри Маскав иҷлосияи ҷавонони кишварҳои ИДМ оғоз ёфт. Ин тадбир ба мероси таърихию фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ ва 20 – солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудааст.Дар иҷлосия қариб 140 нафар намояндагони 11 давлат аз қабили Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина иштирок доранд.Иҷлосияи ҷавонони кишварҳои ИДМ корашро 11 декабр анҷом медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР дар дафтари матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ хабар доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






