Иҷлосияи якуми клуби журналистон дар Суғд

Декабрь 7, 2011 10:32

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Хуҷанд таҳти васояти Ассосиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон иҷлосияи якуми Клуби журналистони вилояти Суғд баргузор гардид. Клуби журналистон иттиҳодияи ғайрирасмии қаламкашон буда, мақсад аз он таҳлили вазъи озодии сухан дар шимоли кишвар, муҳокимаи вазъият ва тарҳрезии тавсияҳо ҷиҳати беҳдошти сифати журналистика мебошад. Раиси Ассосиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев зимни суханрониаш иброз дошт, ки клуб ташкилоти мустақили иҷтимоии журналистон буда, дар асоси фаъолияти корпоративӣ амал мекунад. Ҷаласаи навбатии клуби журналистон дар оғози моҳи январи соли 2012 баргузор гардида, дар он ҷиҳатҳои ҳуқуқию ахлоқии фаъолияти журналистӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Декабрь 7, 2011 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд