Иштироки Сарвари давлат дар маросими дубора баҳрабардорӣ шудани Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил

Декабрь 6, 2011 15:25

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Субҳи имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои силро баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба кор даровард. Тавре зикр гардид, навсозию таҷҳизи ин биноҳо бо харҷи 70 миллион сомонӣ маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сурат гирифтааст. Бо дубора фаъол гардидани ду бинои қаблан валангору аз кор бозмонда дар ин ҷо 170 ҷойи нави корӣ барои кормандони соҳаи тиб муҳайё шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз утоқи гиёҳдармонӣ дидан карда, дастур дод, ки истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар тамоми шифохонаҳо ва муассисаҳои хўроки умумӣ васеъ ба роҳ монда шавад.Дар озмоишгоҳи миллии референсӣ, ки бо навтарин таҷҳизоти сохти олмонии ташхиси бемориҳои сил муҷаҳҳаз гардидааст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мутахассисони соҳибтаҷрибаи он аз наздик суҳбат намуд. Тавре зикр гардид, бо насби чунин таҷҳизоти навтарин сифати ташхису табобат хеле беҳтар ва муҳлати давомнокии ин корҳо ба маротиб кўтоҳ мешавад. Ба иттилои мудири озмоишгоҳ Моҳхоним Абдуллоева, ки худ дар Олмон таҳсил намуда, ба мутахассиси хуби ин кор табдил ёфтааст, бо ин таҷҳизот ҳатто мураккабтарин ташхисҳо, аз ҷумла муайян кардани бемории сили ба доруҳо мутобиқшуда низ дар зарфи ҳамагӣ 2 соат анҷом меёбад. Тавре иттилоъ дода шуд, доруворӣ ва дигар ашёи ташхисию табобатӣ, ки дар анбори ин бино захира шудааст, агар ба 15 ҳазор нафар бемор доимо истифода шаванд, 3 сол басандагӣ мекунад. Дар бинои дигари навсозишуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои ҷарроҳӣ ва ташхиси тамографӣ дидан кард, ки ҳамчунин бо навтарин технологияҳои олмонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Зимни суҳбат бо ҷарроҳи ҷавони шуъбаи ҷарроҳӣ Абдурасул Сангинов маълум шуд, ў бо стипендияи президентии «Дурахшандон» дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, дар синни 35 солагӣ сазовори унвони доктори илмҳои тиб гардидааст. Ба гуфти намояндаи Бонки олмонии рушд Олга Хефеле техникаю таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидаанд ва хусусан озмоишгоҳи миллии референсӣ, дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоранд. «Озмоишгоҳи мазкур дар ин минтақа ҳам навтарин ва ҳам калонтарин аст», — иттилоъ дод ў. Ба гуфти ў, бо чунин таҷҳизот ва шароити беҳтарин дар ин ҷо имкон дорад, ки як маркази минтақавӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, зеро ин биноҳо натанҳо дорои беҳтарин таҷҳизоти ташхису табобат, балки шароити омодасозии кадрҳои варзидаи ин соҳа мебошанд. Ў, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон танҳо 23 адад чунин марказҳо бо чунин озмоишгоҳҳо аст, ки ҳуқуқи омодасозии кадрҳои ин бахши соҳаи тибро доранд. Яъне ин марказ метавонад таълимгоҳи 24-уми ҷаҳонӣ шавад. Ин биноҳо, ҳамчунин бо беҳтарин шароити зист ва будубоши беморону табибон муҷаҳҳаз гардидаанд. Онҳо, аз ҷумла дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ буда, бо усули геотермӣ ё худ бо ҳарорати табиии оби аз чуқурии 70 метр дастрасшаванда бе истифода аз маводи сўхт гарм карда мешаванд. Нерўи барқ танҳо барои кашидану гардиш додани оби зеризаминӣ истифода мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони сершумори соҳаи тандурустии кишвар суханронӣ намуда, онҳо ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо ифтитоҳи навтарин маркази ташхису табобати бемории сил табрику таҳният гуфт. Бо ишора ба он, ки солҳои охир бо таваҷҷуҳу ғамхории ҳукумати кишвар тамоми шифохонаҳои Тоҷикистон бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат муҷаҳҳаз мегарданд, дастур дода шуд, ки ба омодасозии кадрҳои дорои донишу малакаи ба талаботи замон ҷавобгў диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гардид, ки барои интихоб ва ба таҳсили босифат ҷалб намудани наврасону ҷавонони болаёқат бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 6, 2011 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад