Изҳороти Президенти Украина аз рӯи натиҷаи гуфтушуниди Украина ва Тоҷикистон

Декабрь 16, 2011 14:22

Мӯҳтарам ҷаноби Президент,Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!Мо навакак гуфтушунидамонро бо Эмомалӣ Шарифович анҷом додем. Гуфтушунид дар фазои ҳамбоварии комил сурат гирифт. Мо маҷмӯи масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории Украина ва Тоҷикистонро ҳам аз нигоҳи дуҷониба ва ҳам аз нигоҳи бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор додем. Табодули афкорро роҷеъ ба проблемаҳои мубрами байналмилалӣ низ судманд мешуморам. Мо дар ҷараёни гуфтушунид вуҷуди нерӯи зиёди ҳамкории Украинаю Тоҷикистонро зикр карда, омодагиро ҷиҳати истифодаи самарабахши он ба нафъи ду давлат тасдиқ намудем. Аз ҷумла, бо назардошти эҳтиёҷоти кишварҳоямон аҳд шуд, ки равобити мутақобилан муфид дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт, илму техника, саноату кишоварзӣ ва дар дигар соҳаҳои муносиботи дуҷониба босуръат густариш дода шавад. Мо зарурати муваффақона ва сари вақт роҳандозӣ намудани тадбирҳоеро, ки Барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуддати иқтисодии байни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, қайд намудем. Дар робита бо ин ба ҳукуматҳои кишварҳоямон дастур дода шуд, ки пешниҳодотро перомуни тамдиди эътибори ин Барнома то соли 2020 тарҳрезӣ ва мувофиқа намоянд.Мо бо ҷаноби президент натиҷаи иҷлосияи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодиро мусбат арзёбӣ намудем ва чунин мешуморем, ки фаъолияти доимии самарабахши он муносибатҳои моро ба андозаи зиёд густариш мебахшад.Бо ин мақсад бояд нерӯи сохторҳои тиҷоратии давлатҳоямон пурра истифода шавад. Мо умедворем, ки дар мулоқоти имрӯза бо намояндагони доираҳои аҳли тиҷорат пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои дурнамои муштарак дар бахшҳои мухталифи ҳамкории мутақобила ироа шуда, ба ном шӯрои тиҷоратӣ таъсис меёбад. Зикр медорам, ки дар гуфтушунид масъалаҳои густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ мақоми муҳимро касб намуданд. Мо перомуни зарурати рӯи кор овардани равобити байни ходимони фарҳангу санъат, марказҳои тадқиқотӣ, донишкадаҳо, ташкилотҳои илмӣ, ҳамчунин васоити ахбори омма сухан кардем.Мо зимни муҳокимаи масъалаҳои проблематикаи ҷаҳонӣ зарурати ҳамкории байни кишварҳоямон дар чаҳорчӯбаи барномаю сохторҳои сершумор, аз ҷумла ИДМ – бо назардошти Созишномаи имзошуда дар бораи минтақаи савдои озоди кишварҳои Иттиҳод, ҳамчунин оғози фаъолияти Иттифоқи гумрукиро баён доштем. Ба ривоҷи ҳамкориамон дар бозорҳои Аврупо ва Осиё таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Мо ҳангоми сухан рондан дар ин бора имкониятҳои васеи ҳамсоягии Украина бо Иттиҳоди Аврупо ва имзои ба назар гирифташудаи созишнома дар бораи ассосиатсияро дар назар доштем. Ғайр аз ин, мавқеияти ҷуғрофӣ ва равобити иқтисодии Тоҷикистон бо бозори бузурги Осиё ба мо имконият медиҳад, ки лоиҳаҳои мутақобилан муфидро дар ин самт якҷоя рӯи кор орем. Мо ҳамчунин зарурати таҷдиду густариши заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тасдиқ намудем.Дар робита бо ин Изҳороти муштараки имрӯз имзошударо, ки дар он натиҷаҳои асосии гуфтушунидҳои мо инъикос ёфтаанд, муҳим мешуморам. Аминам, ки мувофиқаҳои бадастомада ба рушду густариши ҳамкории миёни Украина ва Тоҷикистон мусоидат намуда, татбиқи муваффақонаи онҳо муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва халқҳои бародарамонро бо мазмуни нави муфид ғанӣ мегардонанд.Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон.

Декабрь 16, 2011 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст