Конфронси байналмилалӣ

Декабрь 6, 2011 10:39

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Хулосаи вазъи эпидемиологии бахши ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ яке аз мавзӯъҳои асосии конфронси илмию амалии минтақавӣ аз рӯи масоили ВИЧ/СПИД қарор дошт. Конфронс 5 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.Дар кори конфронси илмию амалӣ мудири шӯъбаи тандурустӣ, занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Лола Бобохоҷаева, муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова, Сафири ИМА дар ҶТ Кеннет Гросс, роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу, ҳамчунин беш аз 120 нафар мутахассисони бахши ВИЧ/СПИД аз кишварҳои ИДМ иштирок доштанд.Дар ҷараёни конфронс чунин масъалаҳо, аз қабили мақоми Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо ВИЧ/СПИД, бемориҳои сил ва вараҷа дар амри ҳамоҳангсозии татбиқи барномаи мубориза алайҳи сирояти ВИЧ/СПИД дар ҶТ, дастовардҳои Тоҷикистон дар амри пешгирӣ, ҳамчунин нақшаи минтақавии фаъолият ва вазъи эпидемиологии сирояти ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶТ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Аз рӯи натиҷаи конфронси илмию амалӣ, ки 6 декабр анҷом меёбад қатъномаи дахлдор қабул мешавад.

Декабрь 6, 2011 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд