Кормандони молия иди касбиашонро таҷлил мекунанд

Декабрь 6, 2011 12:04

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Тоҷикистон бори нахуст иди касбӣ — Рӯзи кормандони молия таҷлил мешавад. 7 декабр дар Вазорати молияи кишвар бахшида ба ин сана маҷлиси ботантана баргузор гардида, дар он намояндагон ва мутахассисони таҷрибадори бахши молияи мамлакат иштирок менамоянд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин пеш дар кишвари мо рӯзи кормандони молия ба таври ғайрирасмӣ қайд мешуд. Қобили зикр аст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон имсол 87 – солагии худро таҷлил менамояд. Вазорати молия тайи таърихи худ дар амри пиёда намудани сиёсати молиявии кишвар яке аз мақомҳои асоситаринро касб намудааст. Ҳоло дар системаи молиявии Тоҷикистон мутахассисони варзидае фаъолият доранд, ки ба ҳалли вазифаҳои мураккабтарин қодир буда, ба нозукиҳои қонуни буҷаву андоз ба осонӣ сарфаҳм мераванд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 декабри соли 1924 таъсис ёфта буд.

Декабрь 6, 2011 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд