Маҳмадалӣ Ватанов бо рафти тафтишот дар Санкт-Петербург аз наздик шинос шуд

Декабрь 9, 2011 17:17

Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавре ки иттилоъ дода будем, бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз 6 то 11 декабри соли ҷорӣ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ҷиҳати аз наздик ошно шудан бо рафти корҳои тафтишотии қазияи куштори ваҳшиёнаи сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия қарор дорад.Шукурҷон Зуҳуров зимни сӯҳбатҳои худ дар ин замина иброз дошта буд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон куштори ин муҳоҷири тоҷик дар Федератсияи Русияро шадидан маҳкум намуда, аз масъулони шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия қотеъона тақозо карда буд, ки сабабҳои ин ҳодисаро дар наздиктарин фурсат муайян ва омилони онро ҳарчӣ зудтар пайдо намоянд ва ба ҷавобгарӣ кашанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, раиси кумитаи марбутаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов рӯзҳои 6-7-8-декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт –Петербург пеш аз ҳама бо масъулоне, ки аз ин ҳодиса огоҳанд, мулоқот намуд. Ӯ бо ҳамроҳии муфаттише, ки машғули қазия аст, ба ҷои воқеаи рухдода ба ҷойи ҳодиса- деҳаи «Новая»-и шаҳри Гатчино сафар намуд. Деҳа дар наздикии ҷангалзор воқеъ аст. Автомашинаи ба тамом сӯхта маҳз аз ҳамин ҷангалзор ёфт шудааст. Маҳмадалӣ Ватановро тағойи марҳум Бахтиёр Расулов ҳамроҳӣ менамояд. Экспертизаи аввалин аз рӯи ин ҳодиса рӯзи 10 декабр маълум мегардад. То ба имрӯз равшан шудааст, ки ҳодисаи сар буридани шаҳрванди Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ надорад. Танҳо пас аз ташхис дигар паҳлӯҳои ин ҳодиса барои тафтишот равшан мегардад. Маҳмадалӣ Ватанов ҳамчунин барои пурра равшанӣ андохтан ба ин қазия бо муовинони прокурори вилояти Ленинград Николай Егоров ва Сергей Есипов мулоқот анҷом дод. Зимни баррасии ин масъала ҷониби Санкт-Петербург иброз дошт, ки қазияи мазкур албатта боиси нигаронии онҳо низ гардидааст ва ягон нафари солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Онҳо ваъда доданд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат омилони ин ҳодиса пайдо мекунанд ва ба ҷавобгарӣ мекашанд. Фиристодаи Маҷлиси намояндагон ҳамзамон оиди ҳамин қазия бо муовини Раиси ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург А. Марков, сардори шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Науменко ва сардори шӯъбаи тартиботу ҳуқуқи шаҳри мазкур Сергей Тимофеев дидору гуфтугӯ намуд. Зимни ин мулоқот таъкид гардид, ки ҳодисаи куштори муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург хусусияти сиёсӣ надорад ва эҳтимол меравад, ки ин ҳодиса аз ҷониби яке аз шаҳрвандони ҷинояткори Русия анҷом шудааст. Зикр гардид, ки ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳо, ки аз тарафи шахсони ҷиноятпеша содир мешаванд, наметавонад ба муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Русия халал ворид кунад. Масъулини ҳифзи тартиботи Санкт-Петербург изҳори омодагӣ карданд, ки дар ҳалли ин қазия аз тамоми имконот ва маҳорати касбии хеш истифода бурда, омилони ин кушторро пайдо ва ҷазо хоҳанд дод. Бино ба иттилои Маҳмадалӣ Ватанов, то кунун дар Санкт-Петербург зиёда аз 74 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик кору фаъолият доранд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъулини Санкт-Петербург изҳор доштанд, ки муҳоҷирони тоҷик нисбат ба дигар намояндагони миллатҳо хеле меҳнатдӯст ва ҳалиму хоксор буда, софдилона меҳнат мекунанд. Русия низ ба ќувваи кории муҳоирони тоҷик бештар ниёзманд аст ва хостори он аст, ки тоҷиконе, ки хоҳиши кор дар кишвари моро доранд, ҳади ақал забони русиро донанд ва соҳиби касби махсусе бошанд. Имрўз 9 декабр Маҳмадалӣ Ватанов дар доираи сафари кориаш ба Санкт-Петербург аз боздоштгоҳи муваққатии ин минтақаи Русия боздид намуд ва бо шаҳрвандони тоҷик, ки бо сабабҳои номаълум барои ихроҷ кардан аз Русия нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот анҷом дод. Дар доираи ин сафар Маҳмадалӣ Ватанов зимни мулоқот бо шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт- Петербург бо мушкилоти онҳо аз наздик ошно мегардад. Дар назар аст, ки фиристодаи парлумони Тоҷикистон 10 декабр бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар шаҳри Маскав низ дидору гуфтугӯ намояд.

Декабрь 9, 2011 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст