Маблағҳои буҷавӣ мақсаднок истифода мешаванд?

Декабрь 27, 2011 11:54

Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иҷрои Буҷаи давлатӣ дар 11 моҳи соли 2011 дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни ҷаласае, ки дар палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор гардид, баррасӣ шуд. Саиди Ёқубзод, раиси кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва экологии Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тибқи маълумоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои буҷаи ҷумҳуриявии Вазорат инчунин лоиҳаҳои инвеститсионие, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба даст омадаанд, дар 11 моҳи соли 2011 нақшаи буҷаи ҷумҳуриявии вазорати мазкур ва сохторҳои тобеи он беш аз 21миллион сомониро ташкил медиҳад. Мавсуф зикр кард, ки дар давоми 11 моҳи соли 2011 дар тамоми сохторҳои зертобеи соҳа маблағгузории чорабиниҳои пешбинишуда пурра таъмин гардидааст. Ҳамзамон С. Ёқубзод афзуд, ки яке аз мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нашудани Барномаҳои давлатии соҳавӣ аст. Вазорат мувофиқи имконият иҷрои Барномаҳои соҳавиро қисман аз ҳисоби маблағҳои буҷавие, ки барои сохтмони асосӣ ҷудо мешаванд, таъмин намуда истодааст. Дар ҷаласа вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Раҳмат Бобокалонов доир ба масъалаи сарфакорона ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷавӣ сухан ронда гуфт, ки вазорат нисбат ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад ва иҷрои қисми хароҷоти буҷа мунтазам дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат ва машваратҳои назди вазир баррасӣ мегарданд.

Декабрь 27, 2011 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе