Маблағи фиребхӯрда баргардонида мешавад?
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки танҳо дар моҳи октябри соли 2011 дар шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 74 ҳодисаи қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи октябри соли 2010 2,5 маротиба камтар аст. Ин мазмуни онро дорад, ки фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути барномаҳои ҳуқуқии радиою телевизионҳои давлатию ғайридавлатӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, пеши роҳи даҳҳо қонуншиканиҳои қаллобону ҳаннотон гирифта мешавад. Бо вуҷуди он, ҳанӯз одамони соддаю гумроҳе ҳастанд, ки ба доми қаллобон афтода, молу маблағашонро ба онҳо бовар карда медиҳанд ва солҳо барои баргардонидани чизи аз дастдодаашон ба даҳҳо идораҳои ҳифзи ҳуқуқ шикоят мебаранд. Барои мисол, 28 –уми ноябри соли ҷорӣ сокини ноҳияи Файзобод Абдулло Зокиров ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз болои Нилуфари Низомӣ бо ариза муроҷиат намудааст, ки номбурда моҳи сентябри соли 2011 ба бовариаш даромада, барои аз маркази савдои «Садбарг» гирифта додани як нуқтаи савдо мусоидат мекунад. Нилуфар барои иҷрои кор 6 ҳазор доллари А. Зокировро гирифта ғайб мезанад. Танҳо бо кӯмаки кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шахсияти қаллоб Нилуфари Низомӣ, ки дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе истиқомат доштааст муайян шуда, дастгир мегардад. Ҳоло аз тарафи кормандони бахши тафтишотии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур парвандаи ҷиноии Нилуфари Низомӣ мавриди санҷиш ва таҳкиқ қарор дорад. Ҷабрдида А. Зокиров маблағи аз даст додаашро ба даст оварда метавонад ё не, онро мурофиаи судӣ муайян мекунад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






