Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ — Маркази беҳтарини матбуотӣ

Декабрь 23, 2011 10:14

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Тоҷикистон беҳтарин марказҳои матбуоти соли 2011 муайян гардиданд. Аз рӯи натиҷаи пурсиш дар бахши «Беҳтарин маркази матбуоти вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои дигари давлатӣ» маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони «Беҳтарин маркази матбуоти сол» гардид. Дар бахши «Беҳтарин маркази матбуоти сохторҳои қудратӣ» маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, дар бахши «Беҳтарин маркази матбуоти сафоратҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» маркази матбуоти Сафорати ИМА ва маркази равобит бо аҳли ҷамъияти Сафорати Чин дар ҶТ ғолиб омаданд.Хотирнишон месозем, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани беҳтарин маркази матбуоти вазорату муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои инфиродӣ, созмонҳои ҷамъиятии байналмилалӣ озмун эълон карда буданд.Мақсад аз ин озмун рушди самара ва густариши ҳамкории иттилоотии муассисаю созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ бо васоити ахбори омма, осон гардонидани дастрасии журналистон ба иттилооти фаврӣ ва баланд бардоштани сифати маводи журналистӣ буд.

Декабрь 23, 2011 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд