Масоили муҳими замон муҳокима мешавад

Декабрь 20, 2011 11:16

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина ). – Дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи анъанаҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз, 20 декабр, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, масъалаҳои сиёсати фарҳангии Тоҷикистон дар шароити истиқлолият, проблемаҳои таҳқиқи равандҳои воқеии иҷтимоию фарҳангӣ дар ҶТ, мақоми ВАО дар ташаккули фазои иҷтимоию фарҳангии ҶТ дар давраи гузариш, дин ва анъаноти иҷтимоию фарҳангӣ ва масоили дигар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Раёсати таҳқиқи равандҳои сиёсӣ ва этносиёсии Маркази тадқиқоти стратегӣ ташкилкунандаи ин чорабинӣ маҳсуб мешавад.
Дар назар аст, ки дар муҳокимаи ин мавзӯъ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, олимони донишкадаҳои олии кишвар, пажӯҳишгоҳҳои Академияи улуми ҶТ, мутахассисони варзидаи бахши дин иштирок менамоянд. Дар конфронс вакили Маҷлиси намояндагон Низом Қосим ва Дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Раҷабмо Қосимова дар мавзӯъҳои «Заминаи қонунгузории ҳифз ва инкишофи маросимҳои миллӣ» ва «Масоили ҳуқуқии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» гузориш медиҳанд.

Декабрь 20, 2011 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд