Мулоқоти вазир бо ҳайати «TUSKON»
Душанбе, 2 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ имрӯз бо як гурӯҳ роҳбарони ширкатҳои аъзои Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни «TUSKON»-и Туркия мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика, саноати сабук, бахусус коркарди пашму пӯст, нассоҷӣ ва саноати хӯрокворӣ- коркарди шир, меваю сабзавот, коркарди металл, истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзӣ баррасӣ гардиданд. Гул Шералӣ роҷеъ ба мавҷуд будани шароити мусоиди ҳамкорӣ дар бахши энергетика, саноат ва сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули назар кард. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик масълаҳои баррасишударо пайгирӣ ва амалӣ намуда, ҳамзамон лоиҳаҳои мушаххас нисбати онҳо татбиқ хоҳанд сохт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






