Омӯзиши ройгони ҳунари дӯзандагӣ дар Суғд
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ҳалли муаммо ва мушкилоти аҳолӣ, бахусус занону духтарон бо дастгирии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маркази иттилоотию машваратӣ таъсис дода шуд.Санаи 1 декабри соли 2011 дар назди маркази номбурда баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ байни аҳолӣ, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани занону духтарони бекор ва аз оилаҳои камбизоат, барои модарони яккаву танҳо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳисоби маблағҳои Барномаи давлатӣ коргоҳи омӯзиши ҳунари дӯзандагиро ифтитоҳ намуд.Бояд тазаккур дод, ки баҳри таъсиси чунин коргоҳ ҳиссаи Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле назаррас буда, маҳз бо дастгирии ин кумита ба Маркази иттилоотию машваратии шӯъбаи кор бо занон ва оила 10 адад мошинаи дарздӯзӣ дастрас гардид. Дар ифтитоҳи сехи дӯзандагӣ аъзои фаъоли Шӯрои занони вилоят, раисони Шӯрои занони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, модарони соҳибтаҷриба, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тарроҳони шинохта ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.Аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба курси омӯзишии ҳунари дӯзандагӣ 20 нафар зану духтар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Зафаробод, Табошар, Расулов, Ғафуров ва донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда номнавис шуда, онҳо дар ду баст даҳ нафарӣ ба таври ройгон ҳунари дӯзандагиро меомӯзанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






