Омӯзиши таҷрибаи китобдорӣ дар Беларус
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо ҳидояти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” 8 нафар корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти Китобхонаи миллии Беларус ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобхонаи мазкур рӯзҳои 14-23 декабри соли 2011 ба шаҳри Минск сафар намуданд. Роҷеъ ба ҳадафи сафар ва натиҷагирӣ аз кори он бо роҳбари гурӯҳ, муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Шариф Тошев сӯҳбат намудем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем. — Дар рафти таҷрибаомӯзӣ доир ба кадом масъалаҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд?Дар рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ мо имкон пайдо намудем, ки роҷеъ ба масоили такмил ва ташкили нигоҳдории фондҳои китобхона; бунёд ва коркарди бойгонии осор; индекснамоӣ ва коркарди феҳристи электронии ҳуҷҷатҳо; таҳияи феҳристҳо ва фондҳои электронӣ; технологияи ташаккули манбаъҳои иттилоотӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва раванди дастёбӣ ба онҳо; таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои идораи кадрҳо ва дигар равандҳои китобдорию иттилоотӣ; технологияи хизматрасонӣ ба хонандагон дар низоми автоматикунонидашудаи китобдорию иттилоотӣ; қоидаҳои истифодабарӣ ва тартиби бақайдгирӣ дар китобхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири техникӣ; махсусият ва созмондиҳии хадамоти маълумотию иттилоотӣ дар бахшу шӯъбаҳои китобхона; фаъолияти намоишӣ-галереӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, илмию таҳқиқотӣ, ноширӣ, рекламавӣ ва байналмилалии китобхона; низоми фаъолияти бахшу шӯъбаҳои хадамоти муҳандисӣ, таъмини амнияти бино ва иншоот, таҷҳизоти электротехникӣ ва телелифти китобхона маълумоти муфассал гирем. — Перумони кадом масоил гуфтугӯҳои тахассусӣ баргузор шуданд? Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ ва нишастҳои тахассусӣ мутахассисони Китобхонаи миллии Беларус доир ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубодилаи байналмилалии китобҳо, тарҳрезии барномаҳои нави илмии китобдорӣ, шаклу усулҳои наву самарабахши ташкили хадамоти китобдорӣ барои дастёбии озод ба адабиёти мавриди ниёз тавассути воситаҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ, бунёд ва рушди китобхонаҳои электронӣ дар заминаи китобхонаҳои анъанавӣ, барномарезӣ, таҳияю таҳрири ҳуҷҷатҳои электронӣ ва воридоту содироти иттилооти нав тавассути Интернет; эҳё, танзим ва пешниҳоди хадамоти нави иттилоотӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири замонавӣ; нақши китобхонаҳо дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва роҳҳои ҷалби маблағгузорӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии китобхонаҳо гузоришҳои ҷолибу пурмӯҳтаво пешкаш намуданд, ки барои мо аз аҳамият холӣ набуд. — Дар тӯли сафари хидматӣ боз ба фаъолияти кадом китобхонаҳои Ҷумҳурии Беларус шинос шудед? Дар тӯли сафари хидматӣ мо инчунин ба фаъолияти Китобхонаи Президентии Ҷумҳурии Беларус шинос шудем. Ин китобхона соли 1933 таъсис ёфта, то соли 1994 бо номи “Китобхонаи ҳукуматӣ” фаъолият намуда, аз худи ҳамон сол номи “Китобхонаи Президентӣ”-ро гирифтаву дорои 1,5 миллион нусха китоб мебошад, ки аз ин ҳисоб 30 ҳазор нусхаашро китобҳои нодир ва камёб ташкил медиҳанд. Китобхона асосан ба Президенти Ҷумҳурии Беларус, дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Шӯрои Вазирон, Суди Конститутсионӣ, Котиботи Иҷроияи ИДМ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ хизмат расонида, ҳамарӯза се ахборномаро таҳти унвони “Президенти Беларус”, “Ислоҳоти иқтисодӣ” ва “Ҳизбҳои сиёсӣ” омода месозад. Инчунин ҳар моҳ дар таҳияю интишори се дастури библиографии “Давлат ва ҳуқуқ”, “Адабиёти нав оид ба масъалаҳои сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ”, “Адабиёти нав дар бораи масъалаҳои назарӣ ва амалии парламентаризм” саҳм мегирад. — Бо мақсади ҳамкориҳои минбаъда байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои Беларус кадом корҳо ба нақша гирифта шудаанд? Ба манзури густаришу ҳамоҳангсозии робитаҳои мутақобилаи тахассусии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои миллӣ ва Президентии Беларус лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ таҳия шудааст, ки мутобиқи он ҳамкориҳо дар самти бунёд ва инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши виртуалӣ, таҳия ва интишори маҷмӯаҳои илмии тахассусӣ, китобномаҳо оид ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистону Беларус, баргузории намоишгоҳҳои китоб, ҳамоишҳои илмӣ, вохӯриҳо ва семинар-тренингҳо ба нақша гирифта шудаанд. — Ба ақидаи Шумо таҷрибаомӯзӣ ва мулоқот аз кадом чиҳат хотирнишин буданд? Умуман таҷрибаомӯзӣ барои ҳайати мо аз бисёр ҷиҳат хотирнишин буд. Бахусус шиносоӣ бо фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Беларус, омӯзиши масоили татбиқи технологияи нави иттилоотӣ дар ташаккули захоири китоб ва раванди хизматрасонӣ, дастёбӣ ба адабиёти мавриди ниёз хониш тавассути феҳристҳо ва захираҳои электронӣ, истифодаи манбаъҳои электронии бойгонии осор ва маводи Интернет дар кори китобхонаҳо бо назардошти ҷаҳонишавии иттилоот, коркард, пахш ва таъмини амнияти иттилооти тавлидшаванда ва истифодаи мақсадноки он барои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, усули коргузорӣ ва пажӯҳишу таҳқиқ дар соҳаи китобдорӣ бештар муфид буданд. Илова бар ин, мо ба узвияти хонандагони Китобхонаи миллии Беларус пазируфта шудем ва имкон пайдо кардем, ки минбаъд ба мӯҳлати 5 сол ҳамчун хонандаи ғоибхон (виртуалӣ) аз захираҳои электронии китобхонаи мазкур истифода намоем. — Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур!