Озмуни журналистон
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Намояндагии Ташкилоти байналхалқии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ барои васоити ахбори кишвар дар мавзӯи «Тағйири иқлим ва таъсири он ба саломатӣ» конкурси журналистонро эълон менамояд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, озмун барои таҳияи маводи беҳтарини иттилоотию маърифатӣ дар нашрияҳо ва сомонаҳои Интернет ва барномаҳои телевизиону радио перомуни масоили тағйири иқлим ва таъсири он ба саломатӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.Ба озмун бояд маводе пешниҳод шавад, ки аз 1 апрели соли 2011 то 1 декабри соли 2011 дарҷ ё пахш гардидаанд. Дар баробари ин бояд ВАО якҷоя бо мактуби роҳбари он, ки санаи дақиқи интишор ва ё пахши маводро тасдиқ менамояд, зикр дода шавад. Мавод бояд дар лифофаи муҳршуда бо навиштаҷоти «Озмун дар ВАО перомуни тағйири иқлим ва таъсири он ба саломатӣ» аз лаҳзаи пахши эълон то соати 17- 00 15 декабри соли 2011 пешниҳод гардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






