Расмиёти гумрукӣ содда гардонида мешавад

Декабрь 21, 2011 14:21

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини мутобиқати Кодекс ба Конвенсияи байналмилалии Киото оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо /СУС/ мебошад», гуфт зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Гурез Зарифов, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар парлумони кишвар. Лоиҳаи қонуни мазкур 21 декабр аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардид. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ афзуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҷумҳурӣ ба талаботи Конвенсияи Киото, ки соли 1999 Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шудааст ва СУС, ки Тоҷикистон хоҳиши ба узвияти он пазируфта шуданро дорад, ҷавобгӯ буда, шароити мусоидро барои рушди иқтисодиёти кишвар, тавассути татбиқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ фароҳам меоварад. Тибқи тағйиру иловаҳои Кодекси мазкур расмиёти гумрукӣ бо назардошти талаботи Конвенсияи Киото содда ва пешбурди тиҷорати хориҷӣ осон мешавад ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз имкониятҳои беҳтар бархурдор мегарданд. Инчунин теъдоди ҳуҷҷатҳое, ки барои расмиёт ва назорати гумрукӣ пешниҳод мегарданд, кам мешаванд. Хусусан ҳангоми иҷрои расмиёти гумрукӣ пешниҳод намудани сертификати кишвари истеҳсоли мол ва сертификати мутобиқат, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти андоз талаб карда намешаванд. Чунин тағйирот дар панҷ моддаи Кодекс ба назар мерасад, ки тибқи онҳо пешниҳод намудани як қатор ҳуҷҷатҳо ҳангоми назорат ва иҷрои расмиёти гумрукӣ аз байн бардошта шудаанд. Дар Кодекс ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти гумрук ва шахсони ҳуқуқӣ ба таври васеъ нишон дода шудааст.

Декабрь 21, 2011 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад