Сабабҳои беморӣ таҳқиқ мешавад
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гирифторӣ ба бемории сил дар минтақаи Кӯлоб ҳанӯз дар замони шӯравӣ боиси нигаронии олимони силшинос гардида буд. Ба асари гирифтори ба ин беморӣ садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, аммо сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ҳанӯз ҳам муайян нашудааст. Охири солҳои 80 –уми асри гузашта олимони силшиноси Маскав ба Тоҷикистон даъват шуданд, то корҳои таҳқиқотиро оид ба пайдоиши ин беморӣ анҷом диҳанд. Олимон ба омӯзиши маҳали зисти гирифторони бемории сил дар чанд деҳаи ноҳияи Восеъ ғоз намуданд, вале бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои таҳқиқотӣ то ба охир анҷом наёфт,- мегӯяд роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Садои кӯҳсор» -и ноҳияи Ховалинг Авазхон Сироҷев. Айни ҳол барои амалигардонии лоиҳаи «Ҳамроҳ ба бемории сил ғолиб меоем», ки он аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Садои кӯҳсор» бо дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст, таҳқиқот дар чор ноҳияи минтақаи Кӯлоб: Темурмалик, Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинг оғоз шуд. Ба гуфти А. Сироҷев, интихоби ин чор ноҳия тасодуфӣ нест, зеро соли ҷорӣ ҳодисаи нави ба бемории сил мубтало шудани 66 нафар шаҳрвандон дар ноҳияи Ховалинг, 166 нафар дар ноҳияи Мӯъминобод, 65 нафар дар ноҳияи Шӯрообод ва 89 нафар дар ноҳияи Темурмалик ба қайд гирифта шудааст. Дар доираи амалисозии лоиҳа таҳқиқот оид ба сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ оғоз ёфтааст,- афзуд А. Сироҷев ба мухбири АМИТ «Ховар».








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






