Самарбахшии чораҳои зидди бемории сил
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Вазорати тандурустии ҶТ ва мусоидати барномаи рушди СММ имрӯз, 14 декабр, дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Густариши ҳамоҳангӣ ҷиҳати рӯи кор овардани тадбирҳои зидди бемории сил ва назорати ин беморӣ дар сохторҳои низомию қудратӣ ва ҳамгироӣ бо сохтори тандурустӣ ва созмонҳои мушорикатӣ» баргузор гардид.Дар кори мизи мудаввар муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов, менеҷери барномаи назорати ВИЧ/СПИД ва вараҷаи Барномаи рушди СММ Тедла Меземир, ҳамчунин шахсони масъули вазоратҳои адлия, мудофиа ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар ҳошияи мизи мудаввар масъалаҳои татбиқи минбаъдаи ҳуҷҷати мазкур, ҳамоҳангӣ, ҳамгироӣ бо хадамоти зидди бемории сил, судмандии тадбирҳои зидди бемории сил ва назорати паҳншавии ВИЧ байни ҳайати шахсӣ ва кормандони идораҳои низомию қудратӣ, дастовардҳои бахши ҷилавгирии бемориҳои зикршуда ва бистарӣ намудани беморон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






