Ш. Салимзода вазъи тақсими замин дар ноҳияи Б.Ғафуровро баррасӣ намуд
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба вазъи истифодаи самараноку оқилонаи замин бо иштироки прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ҷаласа доир гардид. Дар он зикр шуд, ки дар давоми соли 2010 ва 11 моҳи соли 2011 аз тарафи Кумитаи заминсозии ноҳияи Б.Ғафуров ҳамагӣ 569 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст ва барои бартараф намудани қонуншиканиҳо дастур дода шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба қонуншиканиҳо роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ба маблағи умумии беш аз 136 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Зикр бояд намуд, ки мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 13/5-17 аз санаи 15 майи соли 2009 доир ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ то санаи 1 декабри соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияи ҷамъиятӣ ҳамагӣ ба 8 795 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар майдони 879 гектар ҷудо карда шудааст. Прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода дар ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва тақсими боадолатонаи замин, ки бо дастгирии Президенти мамлакат амалӣ мегардад, масъулинро вазифадор намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокиров сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






