Ширкати «Барқи тоҷик» хусусӣ мегардад
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати таҷдиди сохтор ва омодасозии кадрии «Барқи тоҷик» Уғулой Хоҷаева, дар давоми солҳои 2016 – 2018 ширкати «Барқи тоҷик» хусусӣ гардонида мешавад.Ба иттилои манбаъ, таҷдиди сохтори ширкати мазкур дар се марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2013 – ро дар бар мегирад. Марҳилаи дуюми таҷдид, ки он рақобатпазирӣ ном гирифтааст, солҳои 2014 – 2015-ро дар бар мегирад ва марҳилаи сеюм, ки марҳилаи хусусигардонӣ мебошад, ба солҳои 2016 – 2018 рост меояд.Дар марҳилаи аввал ширкати «Барқи тоҷик» чун шахси ҳуқуқӣ ва инҳисоргари ягона боқӣ мемонад. Дар ин давра се зерсохтори тиҷоратӣ; истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи барқ таъсис дода мешавад. Дар марҳилаи сеюм ширкат хусусӣ гардонида мешавад. Соҳибмулк чун шахси ҳуқуқӣ метавонад хати барқи «Ҷануб – Шимол» -ро ҳамчун моликияти хусусӣ хариду фурӯш намояд, нерӯгоҳҳои дар ихтиёр доштаашро ба ягон давлати хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон ё Покистон фурӯшад. Аммо ин хусусигардонӣ дар пасманзари худ чӣ паёмаде дорад, вақт нишон медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






