Ширкати «Барқи тоҷик» хусусӣ мегардад

Декабрь 6, 2011 09:43

Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати таҷдиди сохтор ва омодасозии кадрии «Барқи тоҷик» Уғулой Хоҷаева, дар давоми солҳои 2016 – 2018 ширкати «Барқи тоҷик» хусусӣ гардонида мешавад.Ба иттилои манбаъ, таҷдиди сохтори ширкати мазкур дар се марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи аввал солҳои 2011 – 2013 – ро дар бар мегирад. Марҳилаи дуюми таҷдид, ки он рақобатпазирӣ ном гирифтааст, солҳои 2014 – 2015-ро дар бар мегирад ва марҳилаи сеюм, ки марҳилаи хусусигардонӣ мебошад, ба солҳои 2016 – 2018 рост меояд.Дар марҳилаи аввал ширкати «Барқи тоҷик» чун шахси ҳуқуқӣ ва инҳисоргари ягона боқӣ мемонад. Дар ин давра се зерсохтори тиҷоратӣ; истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи барқ таъсис дода мешавад. Дар марҳилаи сеюм ширкат хусусӣ гардонида мешавад. Соҳибмулк чун шахси ҳуқуқӣ метавонад хати барқи «Ҷануб – Шимол» -ро ҳамчун моликияти хусусӣ хариду фурӯш намояд, нерӯгоҳҳои дар ихтиёр доштаашро ба ягон давлати хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон ё Покистон фурӯшад. Аммо ин хусусигардонӣ дар пасманзари худ чӣ паёмаде дорад, вақт нишон медиҳад.

Декабрь 6, 2011 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд