Тӯҳфаи солинавӣ барои кӯдакон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Роҳбарони омӯзишгоҳҳои касбии вилояти Суғд дар Маркази таърихи рушди маорифи назди Академияи маорифи ҶТ бо таърихи барқароршавӣ ва рушди маорифи Тоҷикистон шинос шуданд. Директори марказ Саодат Ҳамидова ба меҳмонон аз таърихи мактаби кӯҳна, ки нависанда, олим ва ходими ҷамъиятии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ хусусияи онро дар асарҳояш тасвир карда буд, аз фаъолияти нахустин муаллимон ва мақоми омӯзгорон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аввалин вазирони маориф нақл кард.Сипас дар Академияи маорифи Тоҷикистон маросими муаррифии маҷмӯаи «Тезгӯяк» баргузор гардид, ки муаллифи он узви вобастаи Академияи маорифи Тоҷикистон Сайидамир Амиров мебошад. Ин китоб барои бачагони синни томактабӣ ва мактабӣ, волидайн, ҳамчунин мураббиҳо ва омӯзгорон пешбинӣ шудааст. Китоби мусаввар тӯҳфаи хуби солинавӣ барои кӯдакон мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






