Тарбияи мутахассисон дар Хатлон

Декабрь 6, 2011 12:49

Қурғонтеппа, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ба хатмкунандагони аввали «Мактаби захираҳои кадрии вилоятӣ» диплом супорид. Зимни баргузории чорабинии тантанавӣ Ғ. Афзалов зикр намуд, ки 25 шунавандаи мактаби мазкур дар асоси озмуни комисияи махсус интихоб гардида буданд. Машғулият дар тӯли ду моҳ дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи фанҳои гуногун гузаронида шуд. «Ифтитоҳи мактаби захираҳои кадрӣ имконият фароҳам меорад, ки дар оянда аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ мутахассис тарбия намоем»,- иброз намуд Ғ. Афзалов.

Декабрь 6, 2011 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд